Тея — сакса болезнь — с таджикского на русский

Тея — сакса болезнь — с таджикского на русский

Бемории ҷоғар яке аз мушкилоти умдаи занони ҳомила дар вилояти Хатлон

Бахши вазорати беҳдошт дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки 40 дарсад занони қобили таваллуд дар ин вилоят аз бемории ҷоғар ранҷ мебаранд.

Масъулони ин бахш бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши шумори мубталоён ба бемории ҷоғар гуфтаанд, ки аксари ин беморонро занони аз 18 то 30 сола ташкил медиҳанд.

Пизишкон мегӯянд, ки бемории ҷоғар, ки бар асари он гулӯ варам карда ва танаффусро душвор мекунад аз камбуди йод дар бадани инсон пайдо мешавад.

Илёсиддин Саидов, сардори маркази бемориҳои ғадуди дарунаи вилояти Хатлон ба Би-би-сӣ гуфт, ки имсол дар муқоиса ба даврони мушобеҳ дар соли гузашта, даҳ дарсад занони қобили таваллуд бо бемории ҷоғар ба маркази онҳо муроҷеъа кардаанд.

Гулбаҳор, як сокини 27 сола аз ноҳияи Бохтар мегӯяд, ки дар замони ҳомиладорӣ аз бемории ҷоғар шадидан ранҷ бурдааст.

Гулбаҳор мегӯяд: «Нафасам мегирад ва бештар асабӣ мешавам, аммо ман намедонистам, ки бемории ҷоғар дорам. Фикр мекардам, ки сабабаш ҳомиладорӣ аст, вале духтурон баъди ташхис гуфтаанд, ки бемории ҷоғар дорам.»

Илёсиддин Саидов мегӯяд, ки бемории ҷоғар ба саломати занони ҳомила таъсироти манфӣ мегузорад ва дар бархе авқот ба ҷони онҳо ва кӯдак дар батни модар хатарзо аст.

Оқои Саидов мегӯяд, дар аксари маворид заноне, ки бемории ҷоғар дорад кӯдаки мурда таваллуд мекунанд.

Ӯ мегӯяд: «Дар миёни занон ин беморӣ зиёд дида мешавад, вале вақти ҳомиладорӣ, ки барои занон вақти ҳасос ва душвор аст, вазъи саломати онҳоро бадтар мекунад. Ҳато фавти кӯдак дар батни модаре, ки гирифтори ин беморӣ будааст, мушоҳида шудааст.»

Вай меафзояд, ки бемории ҷоғар одамро ассабонӣ мекунад ва ин омил ба кӯдак дар батни занон таъсири манфӣ мерасонад.

Бар асоси иттилоъи Илёсиддин Саидов дар вилояти Хатлон ҳудуди 25 ҳазор нафар аз сокинон бо бемории ҷоғар сабт шудаанд, ки шумори бештари онҳоро занони қобили таваллуд ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин дар миёни ин беморон шумори қобили мулоҳизаи кӯдакон низ будаанд ва бештари кӯдаконе, ки гирифтори бемории ҷоғар будаанд, аз ҷумлаи донишомӯзони макотиби ҳамагонии вилояти Хатлон ҳастанд.

Тибқи иттилоъи бахши раёсати беҳдошти ин вилоят сабаби зиёд будани бемории ҷоғар дар миёни мардум камбуди маҳлули йод дар ғазои мардум будааст.

Ин дар ҳолест ки ҳамасола дар вилояти Хатлон масъулони корхонаҳои тавлиди намак, ки маводди худро бидуни маҳлули йод ба фурӯш мегузоранд ва ё намаки фурӯшии онҳо кайфияти хуб надоштааст, ҷарима ва маводи тавлидии онҳо мусодира мешудааст.

Бемории зоб

  • Русский
  • Тоҷикӣ
  • English

Бахшҳо

  • Дармонгоҳ
  • Ёрии таъҷилӣ
  • Бахши кардиологӣ
  • Бахши урологӣ
  • Бахши ҷарроҳии дил
  • Бахши офталмологӣ
  • Бахши нейроҷарроҳӣ
  • Бахши ҷарроҳи умумӣ
  • Бахши амрози занона
  • Бахши ортопедӣ
  • Бахши дандонпизишкӣ
  • Бахши гемодиализ
  • Бахши гастроэнтерологӣ
  • Бахши гӯшу гулӯю бинӣ
  • Бахши ҷарроҳи пластикӣ
  • Озмоишгоҳ
  • Дорухона

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

  • Асосӣ
  • Дар бораи мо
  • Бахшҳо
  • Мутахаcсисон
  • Нархнома
    • Душанбе
    • Фархор
    • Хуҷанд
    • Панҷакент
  • Тамос

Ҷоғар ва табобати он

Яке аз бемориҳое, ки ҷарроҳии умумӣ ба он сару кор дорад бемории ҷоғар (зоб) ба шумор меравад. Сабабҳои пайдоиши бемории ҷоғар то ба ҳол пурра муаян нагардидаанд.
Асоситарин омили тамоюл ба ин беморӣ, имрӯз норасоии йод дар хӯрок ба шумор меравад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар кишварҳое, ки намакро бо йод омехта намекунанд, ҳолатҳои бемории ҷоғар зиёдтар ба назар мерасад. Аммо ба ин нигоҳ накарда, паҳншавии ин беморӣ дар навоҳии бо йод бой низ дида мешавад

Читайте также:  Грыжа пищеводного отверстия диафрагмы - диагностика и лечение в СПб, цена

.Таҳқиқотҳо муаян кардаанд, ки дар дунё зиёда аз 1 миллиард одам дар навоҳии аз йод камчин зиндагӣ мекунанд. Ба ин навоҳи қариб ҳама ҳудуди Қафқоз, Руссия, Аврупо, навоҳии марказии Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ дохил мешаванд. Норасоии йод дар организм ба зиёд гаштани ҳуҷайраҳои ғадуди сипаришакл мусоидат мекунад. Ин ҳуҷайраҳо йодро ҷабида гирифта, ҳормонҳои ғадуди сипаришаклро ба вуҷуд меоранд. Дар миёни ин ҳуҷайраҳо ҷамшудани каллоид ( маҳсули ҳуҷайраҳои ғадуди сипаришакл, ки аз он саранҷом ҳормонҳои ғадуди сипаришакл ба вуҷуд меоянд) ба вуқӯъ мепайвандад.

Бо гузашти вақт каллоид зиёд гардида, ғадуди сипаришакл васеъ мегардад. Васеъшавии ғадуди сипаришакл метавонад тамоми бофтаҳоро дар бар гирад ва дар ин ҳолат онро ҷогари дифузӣ меноманд. Аммо бештар дар ғадуди сипаришакл таъғиротҳои маҳдуд ба амал меоянд, ки аз онҳо дар ҷой ҷои ғадуди сипаришакл уқдаҳо (гиреҳҳо) ташаккул меёбанд. Ин намуди ҷоғарро уқдаи ё гиреҳӣ меноманд. Дар паёдоиши ин беморӣ ирсият низ нақши муҳим дорад. Дар хешу табори маризони ҷоғар эҳтимоли пайдоиши гиреҳҳо дар ғадуди сипаришакл зиёдтар мебошад. Ҷоғари гиреҳӣ (уқдаӣ) бештар дар занон дида мешавад. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ин беморӣ дар занон 2 — 4 маротиба бештар аз мардон ба назар мерасад ва аз 20 то 65% занонро дар бар мегирад.

Усулҳои асосии ташхиси бемории ҷоғар иборатанд аз; УЗИ и ғадуди сипаришакл, биопсияи аспиратсионӣ, ташхиси хун барои муаян намудани ҳормонҳои ғадуди сипаришакл ва томографияи компютерии гардан. Табобати бемории ҷоғар низ чанд марҳиларо дар бар мегирад. Бештари гиреҳҳои каллоидӣ ҳеҷ гуна табобатро тақозо намекунад. Маризони дорои ин гуна гиреҳҳо, аз назорати табибон гузашта, соле як маротиба барои муаян намудани ҳормонҳояшон хун месупоранд ва аз ташхии ултрасадоии гардан мегузаранд. Табобати ин гуна беморон бештар бо роҳи консервативӣ ( бо дорӯ) ба роҳ монда мешавад. Аммо ба бемороне, ки гиреҳҳо дар ғадуди сипаришаклашон ба узвҳои гирду атроф фишор меоранд (дар ин ҳолат халал дар нафакашӣ, ё фурӯбарии хӯрок метавонад домангири онҳо гардад), ё ҳангоми зиёд шудани сатҳи ҳормонҳо (тиреотаксикоз) дар ин беморон, табобат бо усули ҷарроҳӣ тавсия мешавад.

Танҳо табобат бо усули ҷарроҳӣ кафолати пурра дур намудани гиреҳро медиҳад. Одатан ҷарроҳӣ дар ҳаҷми дур кардани як ҳиссаи ғадуди сипаришакл ё пурра дур кардани тамоми бофтаи ғадуди сипаришакл (тиреоидектамия) анҷом дода мешавад. Ҳангоми бо гиреҳҳо иллатдор шудани як ҳиссаи ғадуди сипаришакл, танҳо ҳиссаи иллатдор мавриди ҷарроҳӣ қарор мегирад, аммо дар мавриди вуҷуд доштан гиреҳҳои зиёд дар ҳар ду қисмати ғадуди сипаришакл, ғадуд ба пуррагӣ дур карда мешавад. Одатан маризон ҷарроҳии ғадуди сипаришаклро ба осонӣ пушти сар мекунанд ва баъди ҷарроҳӣ хеле зуд барқарор мешаванд.Ҷарроҳии ғадуди сипаришакл асари манфӣ ва пасомадҳои ногувор аз худ боқӣ намегузорад. Бо вуҷуди ин, ҷарроҳии ғадуди сипаришакл дар таҷрибаи ҷарроҳӣ яке аз мушкилтарин ва нозуктарин ҷарроҳиҳо ба шумор меравад. Ба ҳамин хотир, ин намуди ҷарроҳиро бояд ҷарроҳи дорои таҷрибаи бой ва дорои тахассуси баланди касбӣ анҷом диҳад. Шарти асосии муваффақият ин навъи ҷарроҳӣ маҳз дар ҳамин нуҳуфта гардидааст.

Читайте также:  ЛГ и ФСГ соотношение, что это такое, норма и анализ на гормон

Шӯъбаи ҷарроҳии умумии Беморитони Ибни Сино дар пайвастагӣ бо шӯъбаҳои ҷарроҳии урологӣ ва ҷарроҳиҳои гинекологиву дил, аз бахшҳое ба ҳисоб меравад, ки берун аз ҷумҳурӣ медонанду эътироф мекунанд. Мутахассисони ин бахш мураккабтарин ва нозуктарин ҷарроҳиҳоро дар сатҳи олӣ ва сифати баланд гузаронида, садҳо нафарро ба зиндагии маъмулии бедарду ранҷ баргардонидаанд! Шӯъбаи ҷарроҳии умумии бемористон бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он мутахассиони варзида фаъолият мекунанд. Мутахасиони шӯъбаи ҷарроҳии умумии Бемористони Ибни Сино дар қатори амалиёти ҷарроҳии бемории ҷоғар инчунин имкони гузаронидани аксари ҷарроҳиҳоро аз қабили; бемории эхинококи ҷигар, гемангиомаи ҷигар, бемориҳои вобаста ба рӯдаву меъда, гирифта партофтани омосҳои хушсифат, буриши қисмати рост ё чапи ҷигарро доро мебошанд. Дар шӯъбаи мазкур инчунин бемориҳои фасодгирифтагии пӯст, флегмона(илтиҳоби фасодии пӯст), фрункул (илтиҳоби мавтии фасодноки пӯст, ки дар натиҷаи уфунати халтачаи мӯй ба вуҷуд меояд), карбункул (илтиҳоби мавтии фасоднокии пӯст, ки дар натиҷаи уфунати якчанд халтачаи мӯй ба вуҷуд меояд, гидроденит(илтиҳоби фасодноки ғадудҳои арақбарор ва чарбидор), омосҳо ва ғурраҳои бадан ва даҳҳо намуди дигар низ ҷарроҳӣ мегарданд.

Нархҳои хизматраони дар шӯбаи ҷарроҳии умумии бемористон, аз дигар нархҳои муасиаҳои тандурутӣ чандон тафовут надоранд.

Намаки йодношуда ва гирифторони бемории ҷоғар

Бар пояи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, теъдоди расмии гирифторони бемории ҷоғар дар кишвар аз 80 ҳазор гузаштааст.

Ва тибқи омори ин ниҳод, ин рақам нисбат ба 3-4 соли гузашта ду баробар зиёд аст. Мутахассисон сабаби ба маротиб афзоиш ёфтани бемории ҷоғарро дар миёни аҳолии кишвар дар тоза нашудан ва йоддор накардани намаки ошӣ медонанд.

ГУСТАРИШИ БЕСОБИҚАИ БЕМОРИИ ҶОҒАР

Вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов дар нишасти матбуотии ин вазорат гуфтааст, ахиран 56 тонн намаки бе йоди оширо дар дӯконҳои шаҳру навоҳии кишвар мусодира кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати тандурустӣ ва раёсати санитариву эпидемиологии Тоҷикистон аз густариши бесобиқаи бемории ҷоғар дар миёни аҳолии кишвар, хусусан занони қобили ҳамл ва кӯдакон бонги изтироб зада, аз ҳукумат муҷозоти корхонаҳои хусусии тавлиди намакро тақозо кардаанд.

ЧАРО ҶОҒАР?

Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ, иллати асосии афзоиши бемории хафвноки ҷоғар дар кишвар, тоза ва йоддор нашудани намаки ошӣ ва ба таври қочоқӣ роҳ ёфтани намаки бейод ба дӯконҳо будааст.

Ба гуфта мақомот, бахши аъзами намаки бейод дар корхонахои хусусии ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон тавлид мешавад ва болои бастаҳо «намаки коркардшуда ва йоддори ошӣ» навишта шудааст. Теъдоди чунин корхонаҳои хусусӣ дар вилояти Хатлон ҳудуди 40 будааст.

Читайте также:  Аугментин» инструкция, состав, лечение и цены в 2020 году

Аҳлиддин Қандаков, мудири бахши ғизои раёсати санитарӣ ва эпидемиологии Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар 5 ило 6 корхонаи бузурги тавлиди намаки кишвар то андозае ба ҷиҳатҳои санитарии ин маҳсулоти муҳими ғизоӣ аҳамият дода мешавад ва тибқи талаботи санитарӣ он йоддор карда мешавад, вале аксари корхонаҳои хусусӣ намакро коркард ва йоддор намекунанд ва дар шароити мувофиқ нигаҳдорӣ намекунанд.

Ҷаноби Қандаков афзуд, бо вуҷуди ҳама назорату санҷишҳо ва

ҷаримабандиҳои зиёди ин корхонаҳо, ки аз ҷониби раёсати онҳо ва дигар ниҳодҳои масъул сурат мегирад, ҳанӯз ҳам чунин намаки нопоку бейод ба дӯкону мағозаҳои кишвар роҳ меёбад.

Яке аз ниҳодҳои калидии ташхису назорати чунин маҳсулот аз ҷумла намаки ошӣ,идораи “Тоҷикстандарт” аст. Тоҳир Одинаев, яке аз масъулони ин ниҳоди давлатӣ ба ин суол, ки оё теъдоди зиёди намаки йодношудаи корхонахои хусусӣ ба бозорҳо чӣ гуна роҳ меёбанд чунин посух дод: «Мо тамоми маҳсулоти корхонаҳоро месанҷем ва дараҷаи йоднокии онро муайян мекунем, баъд иҷозати фурӯши онро медиҳем. Лекин мардум худаш бояд ғами саломатиашро бихӯрад. Масалан мардум намаки йодорро не, балки бисёр вақт намаки техникиро, ки дараҷаи йоднокиаш кам аст бо нархи арзон мехаранд. Лекин ин камбудӣ воқеан ҷой дорад, ки бо ҳар роҳу восита ин корхонаҳо маҳсулоти нотайёру йоднокардаи худро оварда мефурӯшанд. Мана ба қарибӣ чандто чунин корхонаҳоро бастем ва сардоронашонро ҷарима бастем.»

ПАЁМАДҲОИ НОГУВОРИ НАМАКИ ЙОДНОШУДА

Саидҷаъфар, як фурӯшанда дар Душанбе мегӯяд, қаблан харидорон танҳо нархи намакро мепурсиданд, вале акнун тақрибан ҳама намаки йоддор талаб мекунанд. Вале ӯ афзуд: «Мо аз ҳамон “Сафарсентр” намакро меорем, мо таркиби онро чӣ хел месанҷем.»

Дар ҳамин ҳол мусоҳиби дигари мо, ки худро Раъно муаррифӣ кард, мегӯяд, дар хонаводаи онҳо, ки аз 11 нафар иборат аст, 6 нафар аз бемории ҷоғар ранҷ мебаранд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Раъно, ӯ худ ҳамшираи шафқат

буда, ҳамеша кӯшиш мекунад, ки намаки йодорро аз дӯконҳо харидорӣ кунад: «Дар болои халтачаҳои намак намаки йоддори ошӣ навишта шудааст. Мо бо дили пур мехарему мехӯрем. Аз куҷо медонем, ки ин навиштаҳо дурӯғ аст ва моро фиреб медиҳанд.»

80 ҲАЗОР ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ ҶОҒАР

Бино ба омори вазорати тандурстии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир теъдоди гирифторони бемории ҷоғар,ки иллати аслиаш истеъмоли намаки бейод аст, ба 80 000 расидааст, ки нисбат ба 3-4 соли пеш ду баробар зиёд мебошад. Ва ба гуфтаи мутахассисони эндокринолог, бахши аъзами гирифторони ин беморӣ занони қобили ҳамл ва кӯдаконанд.

Пизишк Инобат Эшонқулова мегӯяд аксари кӯдаконе, ки гирифтори бемории асаб, камхуниву камвазнӣ ва дигар бемориҳои шадиданд, аз модарони гирифтори ҷоғар ба дунё омадаанд: «Бовар кунед хеле зиёд шудаанд шумори занҳои гирифтори ҷоғар. Ва сабаби аслиаш намаки бейод аст. Инро борҳо мо духтурон гуфтаем ва боз мегӯем. Бояд пеши роҳи ин гирифта шавад».

Ссылка на основную публикацию
Тестостерон — как повысить мужской половой гормон — медцентр АКСИС (Зеленоград)
Как повысить тестостерон у мужчин естественными способами — без химии и лекарств? Зная, как повысить тестостерон у мужчин естественными способами,...
Теория личности Юнга 4 основных архетипа, суть теории
8 типов личности, согласно Карлу Юнгу Карл Густав Юнг, без сомнения, является важным именем, если мы хотим понять историю психологии....
Территория без сирот — органы опеки и попечительства
Умственная отсталость (олигофрения) - симптомы и лечение Что такое умственная отсталость (олигофрения)? Причины возникновения, диагностику и методы лечения разберем в...
Тестостерон у женщин повышенный, норма, пониженный уровень гормона, свободный и общий тестостерон
Общий, свободный тестостерон, индекс свободных андрогенов (ИСА) Общий, свободный тестостерон, индекс свободных андрогенов (ИСА) 1. Полное наименование исследования: Общий, свободный...
Adblock detector